Дар Суғд соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ эълон шуд
ДУШАНБЕ, 28.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси вилояти Суғд соли 2017 дар вилояти Суғд «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» эълон ва доир ба ин масъала барномаи махсус қабул карда шуд.
Дар ин бора дирӯз зимни баргузории иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.
Дар иҷлосия муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода зимни муаррифии барномаи мазкур таъкид дошт, ки мақсад аз эълони «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ», пеш аз ҳама, дастрасии аҳолӣ ба оби босифати нӯшиданӣ, пешгирии касалиҳои сироятӣ буда, он дар партави қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи барномаи мазкур бо мақсади беҳтар намудани ҳолати оби нӯшокӣ дар минтақаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо харҷи зиёда аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






