Дарозумрии миёна дар Тоҷикистон то ба 80 сол расонида мешавад

Декабрь 1, 2016 09:18

Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат оид ба лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ  «Дар бораи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъкид доштанд, ки сифати соҳаи тандурустӣ дар ҳамаи сатҳҳои хизматрасонии тиббӣ бамаротиб беҳтар хоҳад гардид.

Дар 15 соли оянда дарозумрии миёна то 80 сол расонида, фавти модару кӯдак то сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ бояд коҳиш дода шавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди беҳтар намудани хизматрасониҳо ва инчунин дастрас будани хизматрасониҳои тиббӣ-санитарӣ ба аҳолӣ, ворид кардани намудҳои нави хизматрасонӣ, аз ҷумла пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ,  ки дар ҳоли ҳозир яке аз  масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ  мебошанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро пешниҳод намуда буд.

«Вазорат гурӯҳи кориро  дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста намудааст, ки мунтазам масъалаҳои стратегияи миллиро  баррасӣ мекунад.  Тавре ки аз консепсия бармеояд, яке аз масъалаи солимии аҳолӣ ва қудрату тавоноии аҳолӣ ин баланд бардоштани сатҳи дарозумрии миёна мебошад.  Тибқи  ҳуҷҷат, нишондиҳанда то ба 80 сол пешбинӣ шудааст. Тибқи Паёми Президенти кишвар дар соли 2016 ин нишондиҳанда ба 73,4 сол расида буд. Албатта, дарозумрии миёнаи инсон аз якчанд омил вобаста аст. Қариб  88 фоизи дарозумрии инсон ба муҳити атроф, тозагии муҳти зист,  ирсият, тарзи дурусти ғизохӯрӣ, тарзи ҳаёти солим ва боқимонда 10-11 фоиз ба  низоми   хизматрасониҳои тиббӣ вобастагӣ дорад», — гуфт муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

Бино ба андешаи мутахассиси соҳаи тиб,  ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дар стратегия пешбинигардида, бояд маҳорати касбӣ ва малакаи мутахассисони соҳаи тиб, инчунин сатҳу сифати хизматрасониҳо дар муассисаҳои тиббӣ, махсусан муассисаҳои давлатӣ баланд бардошта шавад.

«Дар робита ба ин Пешвои миллат нисбат ба нарасидани мутахассисони соҳаи тандурустӣ, махсусан дар вилояти Хатлон   таъкид доштанд.  Дар  робита ба ин аз 1 сентябри соли равон дар шаҳраки Данғараи вилояти Хатлон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба кор шурӯъ кард. Дар баробари ин ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи баъдидипломии таҳсилоти тиббии Тоҷикистон низ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаи касбии  мутахассисон фаъолият карда истодааст.  Пешбинӣ шудааст, ки дар 3-4 соли оянда сатҳи норасоии мутахассисони соҳаи тиб коҳиш ёбад»,-афзуд мусоҳиб.

Диққати махсус инчунин ба маблағгузории муассисаҳои тиббӣ дода шудааст.

«Тавре ки маълум аст, соли 2016 зиёда аз 1 миллиарду 260 миллион сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ ҷудо шуда буд. Агар ин маблағро нисбат ба солҳои 2000 гирем, тафовут байни маблағгузории муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ 10 маротиба зиёд аст. Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки бахши модару кӯдак, ҳифзи кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ,  эмкунии кӯдакон бар зидди бемориҳо ҳар сол аз ҷониби давлат бештар маблағгузорӣ мешавад.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Вазорати молия  пешниҳод намуд, ки дар буҷаи  соли 2017 ҳиссаи маблағгузории давлатӣ барои  харидории ваксинаҳо то ба 9 миллион расонида шавад. Пеш аз ҳама, ин барои баланд бардоштани  сатҳи некӯаҳволии мардум ва ба қатори давлатҳое, ки қобилияти пардохткунӣ ва ё харидории ваксинаро доранд, дар сатҳи давлатҳои миёнаи даромад Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд. Зеро дар Тоҷикистон  даромади аҳолӣ  дар як сол ба 1240 доллар баробар мебошад»,-зикр намуд Н.Ҷаъфаров.

Тибқи  барномаи  миллии имунопрофилактика, ки  моҳи октябри соли равон барномаи нав барои солҳои 2016 -2020 қабул гардид, Ҳукумати ҶТ бояд нисбат ба ин масъала ҳар сол маблағгузории давлатиро ҷиҳати харидории ваксинаҳо зиёдтар кунад. Ин ҳам яке аз нишондиҳандаҳои миллии   рушд  мебошад ва бо ин роҳ метавон бемориҳои тавассути ваксинаҳо идорашавандаро  ба маротиб кам кунем.

Пешгирии  бемориҳои ғайрисироятӣ, ки омили асосии беморшавии умумии аҳолӣ аст, дар беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ нақши муассир мегузорад. Солҳои охир  мутахассисони соҳаи тиб дар самти ҷарроҳии дилу рагҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.  «Имрӯзҳо табибон байни кӯдакони синну соли  хурд ҷарроҳиҳо гузаронида истодаанд. Ин ҳам пешравӣ ва ҳам омили беҳтар кардани солимии насли оянда мебошад. Дар баробари ин, масъалаҳои бехатарии ғизо, ҳамчунин беҳтар кардани муҳити зист дар дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ аллакай дарҷ гардидаанд. Яке  аз ин ҳуҷҷатҳо «Cтратегияи миллии солимии аҳолӣ» мебошад.  Дар  баробари ин стратегияи миллии ғизо ва  тарбияи ҷисмонӣ низ то соли 2024 пешбинӣ гардидааст. Бо беҳтар гардидани вазъи ғизогирии аҳолӣ, вуъат ёфтани тарбияи ҷисмонӣ низ яке аз  омилҳои баланд бардоштани дарозумрии миёна мегардад.

«Ғайр аз ин мо дигар барномаҳоро рӯи даст дорем. Аз ҷумла,  барномаи миллии пешгирии паҳншавии вируси норасоии   масъунияти одам то соли 2020.  Дар ин маврид мо гуфта метавонем, ки солҳои охир роҳҳои интиқоли бемории масъунияти одам тағйир ёфтаанд. Агар пештар беш аз 50 фоиз тавассути маводи мухаддири тазриқӣ сироят меёфтанд, пас дар солҳои охир сироятёбӣ ба ин вирус бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ ба вуқӯъ пайвастаанд.  Бинобар  ин  бо назардошти тағйирёбии вазъи эпидемиологии ин вирус барномаи нав тарҳрезӣ ва ба Ҳукумати ҶТ барои баррасӣ ва баъдан барои қабул пешниҳод шуд. Аслан вазорат  тамоми самтҳои «Стратегияи миллии рушди ҶТ барои то давраи соли 2030»-ро дастгирӣ менамояд. Пас аз қабули он кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳар як қисмати он вобаста ба барномаҳо амалӣ шавад ва  дар натиҷа ба маҳаки асосӣ мушарраф гардем»,-афзуд Н. Ҷаъфаров.

 

Л. Қосимова

Декабрь 1, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Телевизионҳои Тоҷикистон дар ҳифзи фазои расонаӣ мавқеи устувор доранд
Оё кишоварзони Тоҷикистон аҳолиро бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин карда метавонанд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анҷир хавфи касалии дилро кам карда, дарди санги гурдаро рафъ менамояд
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН.Об неъмати бебаҳо ва наҷотбахши аҳли башар аст
Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон дар таъмини об дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши назаррас доранд
Бар зидди бемориҳои замбурӯғӣ ва вирусии дарахтони мевадиҳанда кадом тадбирҳоро бояд андешид?
Даҳсолаҳои охир пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолати ғайримуқаррарӣ қарор дошта, дар маҷмуъ 30 фоиз таназзул ёфтаанд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Инсон дар як шабонарӯз бояд то 400 грамм меваю сабзавот истеъмол намояд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОФТОБ. Дар оянда энергияи офтобӣ ба табадуллоти оммавӣ расида, тамоми ҷузъиёти инсониро фаро мегирад
Арзёбии чангу ғубор ва таъсири манфии он ба вазъи беҳдоштӣ ва экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вайрон намудани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷиноят аст
БЛОГЕРОНИ ТОҶИК НИЁЗ БА ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДОРАНД! Ва ё насли наврас аз шабакаҳои иҷтимоӣ ё рафтору гуфтори блогерон чӣ меомӯзад?