Даъвати ҷаласаи чоруми якҷояи ММ МН МО ҶТ

Декабрь 19, 2016 12:16

ДУШАНБЕ, 19.12.2016/АМИТ «Ховар»/. 22 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад.
Аз Парлумони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 декабри соли 2016 аз соати 8:00 то 17:00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи 2 ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои тамос: 20-26, 221-89-35, 221-30-84.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи чоруми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ироа мегардад.

Декабрь 19, 2016 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд