Даври ниҳоии озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 28.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф даври ниҳоии озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» оғоз ёфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар расми ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ ба иштирокчиён, ки ғолибони даври вилоятию минтақавӣ буданд, комёбӣ таманно кард.
Озмун рўзҳои 27-29 декабр идома карда, ғолибон аз ҷониби кумитаи тадорукотии озмун бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






