«Гули худрӯи Бартанг», «Маризон манбаи даромади қаллобон шудаанд» — шарҳи матбуот

Декабрь 16, 2016 08:37

ДУШАНБЕ, 16.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» дар шумораи навбатӣ (12.12.2016,№243) мақолаи академик Кароматулло Олимовро бо сарлавҳаи «Пешвои миллат асосгузори мактаби навини сиёсӣ ва худшиносии миллӣ» чоп кардааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат барои боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ба воситаи ҳарчи бештар ошно кардани мардум бо мероси ғании таърихӣ, адабӣ, ирфонӣ ва ахлоқии гузашта ба он нигаронида шудааст, ки ҷомеаи тоҷикистонӣ аз таърихи афкори гузаштагон унсурҳои барои ҳаёти имрӯза зарур ва пандомӯзро истифода кунад».

Мақолаҳои таҳлилии «Кино, чӣ тавр мардумро ба тамошо ҷалб намоем?», «Истеҳсоли дору, самти нави ҳамкорӣ», «Консерва, истеҳсоли ғайримеъёрии он фалокатбор аст», «Саноат, талабот ба ангишт меафзояд» мундариҷаи шумораи мазкури нашрияро ташкил додаанд.

Дар саҳифаи аввали шумораи дигари «Ҷумҳурият» (13.12.2016, №244) аз истиқболи Сарвари давлати Тоҷикистон дар Шри-Ланка гузориши хадамоти матбуоти Президенти мамлакат нашр шудааст. Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлати тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми 12 декабри соли равон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ташриф бурданд.

Дар саҳифаи дуюми нашрия мусоҳибаи тахассусӣ бо муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод оид ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистон пешкаши хонандагон шуда, дар саҳифаи «се хабари сиёсӣ ва иқтисодӣ аз кишварҳои ҷаҳон» чоп шудаанд.

Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «Ҷумҳурият» (14.12.2016,№245) гузориши муфассали хадамоти матбуоти Президенти мамлакат аз сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка бо сарлавҳаи «Тоҷикистон-Шри-Ланка: аввалин музокироти сатҳи олӣ» чоп шудааст. Вобаста ба ин суханони зерини Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз» оварда шудаанд: «Мулоқоту вохӯриҳои имрӯза аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни кишварҳои мо мебошанд ва изҳори умедворӣ менамоям, ки онҳо дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Шри-Ланка саҳифаи наверо боз хоҳанд кард».

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (15.12.2016,№152) мақолаи Далер Мергановро бо сарлавҳаи «Маризон манбаи даромади қаллобон шудаанд» чоп кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора мусоҳиба бо вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Миралиён «Туризми дохилӣ. Чаро муносибат ба он набояд дуюмдараҷа бошад?» пешкаши хонандагон шудааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» шеърҳои Сайидалӣ Маъмур ва ҳикояи Атахон Сайфуллолев «Тамаъ»-ро чоп кардааст. Навиштаҳои «Ватан оҳангаре дорад», «Инсонпарвари соҳибдил», «Гули худрӯи Бартанг», «Танӯр ё тандур», «Ҳама дорем оҳи нокашида» аз тарафи хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.

«Омӯзгор»  — нашрияи Вазорати маориф ва илм мақолаҳои «Макун бад, ки бинӣ ба фарҷом бад…», «Ифтихор аз пешаи худ мекунем», «Геохимия – мададгори одамон», «Корҳои мустақилона аз фанни забони модарӣ», «Нахустлуғати фаромӯшшуда»-ро чоп кардааст.

«Фаввораҳои Душанбе мисли фаввораҳои Барселона аст» — бо чунин сарлавҳа нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» таассуроти журналисти агентии иттилоотии Беларус «БелТА» Елена Прусро аз сафараш ба Душанбе нашр кардааст. Нашрия ҳамчунин аз ҳаёти ҷавонони кишвар, варзишгарон ва навгониҳои бахши сайёҳӣ хабару гузоришҳо ва мақолаҳои хонданиро пешкаши мухлисони худ кардааст.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии ҲХДТ аз сафари давлатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка гузориши муфассалро бо аксҳо нашр кардааст.

Мақолаи муаллифон Бахтиёр Ҳамдамов ва Ҳуриннисо Ализода «Мавқеъгирии ВАО-и миллӣ дар сиёсатҳои таҳмилии геополитикӣ» аз нақши ВАО ҳамчун воситаи муассири таъсиррасонӣ ба ҷомеаи муосир нақл мекунад.

Ҳамчунин нашрия мақолаи вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзодаро бо сарлавҳаи «Соле, ки фаротар аз даҳсолаҳо буд» нашр кардааст. Муаллиф дастовардҳои мамлакатро дар бахши фарҳангӣ бо рақамҳо инъикос кардааст.

Декабрь 16, 2016 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид
БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад
Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд