Гурӯҳи кории КҲФ фаъолияти сарварони ситодҳо ва фармондеҳони қисмҳои низомиро тафтиш хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи корие, ки бо фармони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, сатҳи омодагиву корбарии ситодҳои минтақавӣ ва фармондеҳони воҳидҳои низомии тобеи кумитаро меомӯзад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти кумита хабар доданд.
Гурӯҳи корӣ аз ҷониби муовини Раиси Кумита полковник М.Салимзода сарварӣ карда мешавад ва он дар ҷараёни тафтиш ҳолати кор барои бартараф намудани камбудиҳоеро, ки дар нимсолаи аввали соли равон ошкор шуда буданд, месанҷад.
Ҳадафи аслии тафтиш муайян намудани вазъи амалии корҳо оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба мақомоти маҳаллии КҲФ дар самти мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин муайян намудани сатҳи омодагиҳои касбӣ ва сафарбаркунӣ, сифати иҷрои санадҳои қонунӣ ва меъёрии кишвар, фармонҳо, дастурҳо ва раҳнамоиҳои кумита ва шароити хизмати ҳарбӣ мебошад.
Натиҷаҳои тафтиш дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи кумита баррасӣ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






