Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2016 14:34

ДУШАНБЕ, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири кишоварзӣ Иззатуло Сатторӣ дар бораи вазъи кишту кори тирамоҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, содироти меваю сабзавот, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Раҷаббой Аҳмадзода оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин ва раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ҳисобот доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид дар бораи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди мактабҳои нав, ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода баҳри бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занони хонанишин, ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Нусратулло Салимзода оид ба дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ба директори Агентии захираҳои моддӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода оид ба захира намудани маводи сӯзишвориву хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмон ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба аҳолии зарардида дастрас намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин дар кори маҷлис ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, раисони вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои бартараф кардани камбудиҳо дар самти истифодаи заминҳои обӣ, тезондани корҳои сохтмонӣ ва иҷрои нақшаи шудгору кишти тирамоҳӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Декабрь 23, 2016 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд