Имрӯз дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ борони пуршиддат дар назар аст

Декабрь 29, 2016 09:45

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 декабр дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон ва дар баъзе минтақаҳо боридани барф пешгӯйӣ мешавад. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо бориши борон шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм шуда, дар шарқи он аз 1 то 6 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар баландиҳои 2000 ҳазор метр бориши барф ба қайд гирифта шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо бориши барф шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо бо суръати аз 17 то 22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 4 то 9 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баландиҳои 1000 метр боридани барф пешгӯйӣ гардидааст. Дар баъзе ҷойҳо бориши барф шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо бо суръати аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар баландиҳои 1200 метр бориши барф ба қайд гирифта шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо бориши барф шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 29, 2016 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд