Имрӯз дар тамоми қаламрави Тоҷикистон барф меборад
ДУШАНБЕ, 19.12.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва боридани барф пешгӯӣ мешавад. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва дар баъзе ҷойҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 9 то 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 2 то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ бориши борону барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад.








Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд






