«Истиқлол»-и Душанбе тайёриро ба мавсими соли 2017 оғоз мекунад

Декабрь 5, 2016 15:41

Душанбе, 5.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон тайёриро ба мавсими соли 2017 аз 17 декабри соли равон оғоз мекунад. Дар ин бора сомонаи КФ «Истиқлол» хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, «Истиқлол» аз рӯи барномаи тасдиқшуда аввалин машқҳои худро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ гузаронида, бозии расмии худро моҳи феврали соли 2017 дар доираи бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё барпо хоҳад намуд.
Ёдрас мешавем, ки қуръакашии Ҷоми КФО 13 декабр дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия доир мегардад. Масъулини дастаи «Истиқлол» дар он ширкат меварзанд.

Декабрь 5, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд