КМИР Тоҷикистон ба интихоботи Президенти Ӯзбекистон нозир равон кард

Декабрь 3, 2016 10:48

Душанбе, 03.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мушоҳидаи интихоботи президентии кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд сафар карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КМИР ҶТ хабар доданд.
«Ба ҳайати нозирон раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва ду аъзои КМИР ҶТ-котиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедов ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салим шомиланд», — гуфта мешавад дар иттилоия.
Дар Ӯзбекистон ҳайатҳои САҲА, ИДМ, СҲШ, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҷаҳонии мақомоти интихоботӣ аллакай ба кори худ шурӯъ карданд. Тавре Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбакистон хабар дод, наздики 600 нафар нозирони байналмилалӣ интихоботи президентиро мушоҳида мекунанд.
Интихоботи президенти Ӯзбекистон 4 декабри соли равон доир хоҳад шуд. Ҳамаи 4 ҳизби сиёсии расман дар кишвар амалкунанда номзадҳои худро барои иштирок дар интихобот ба қайд гирифтаанд.
Бино ба иттилои сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, метавонанд рӯзи якшанбе, 4 декабр дар участкаи интихоботии назди сафорат, ки дар суроғаи кӯчаи Саноӣ, хонаи 30 ташкил шудааст, овоз диҳанд. Участкаи интихоботӣ аз соати 6-и субҳ то 8-и бегоҳ фаъолият мекунад.
Чанде пеш КМИ Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки дар кишвар 14 комиссияи ҳавзавии интихоботӣ, 9381 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла 44-то дар намояндагиҳои кишвар дар 36 давлат ташкил карда шудаанд. Аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихоботӣ рӯйхати пурраи интихобкунандагон, ки ба он 21,4 миллион шаҳрванд номнавис шудаанд, тартиб дода шуд.

Декабрь 3, 2016 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст