Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ баргузор шуд

Декабрь 10, 2016 10:01

ДУШАНБЕ, 10.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 9-уми декабри соли равон бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзўи «Ҷиноятҳо ба муқобили моликият ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур олимони маъруфи ватанӣ, вакилони мардумӣ, судяҳо, прокуророн, муҳаққиқон, аспирантон, мутахассисони варзидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, намояндагони  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд. Конференсияро декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Дилшод Сафарбек  ифтитоҳ  намуд.Номбурда зикр намуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Дарёфти  роҳи пурсамар  ва такмилёфта дар самти  мубориза ба муқобили коррупсия ва ҷиноятҳо ба болоравии обрӯ ва нуфузи давлат ва мақомоти он мусоидат  менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки коррупсия дар радифи дигар зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ, ҳамчун коҳишдиҳандаи реҷаи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, адолат ва боварии мардум ба давлат маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дастаҷамъона мубориза бурдан бо омилҳои коррупсионӣ ва анҷом додани ҳама гуна чораҳои зарурӣ баҳри пешгирии он метавонад ба рушди  босуботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ,  сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварад. Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори конференсия барои такмили низоми ҳуқуқии кишвар дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳо аз ҳар ҷиҳат муфид ва самарабахш хоҳад буд. Пас аз анҷоми кори конференсия зимни қабули қатънома қарор карда шуд, ки таклифу тавсияҳо ва пешниҳодҳои илман асосноку судманд ҷиҳати такмили қонунгузории амалкунанда ба сохторҳои дахлдор ирсол карда шавад.

Декабрь 10, 2016 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд