Криштиану Роналду беҳтарин бозингари Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо эълон шуд

Декабрь 19, 2016 16:27

krishtian-ronalduДУШАНБЕ, 19.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи «Реал»-и Мадрид Криштиану Роналду беҳтарини бозингари бозиҳои Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо эътироф шуд. Дар ин бора саҳифаи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар Twitter хабар ба нашр расонидааст.
«Дар бозии ниҳоӣ, ки дирӯз дар Япония баргузор гардид, «Реал» бар КФ «Кашима Антлерс» бо натиҷаи 4:2 ғолиб омад. Се голро дар он бозӣ Криштиану Роналду ба ҳадаф расонд. Ба ҳамин тартиб, ин бозингари португалӣ дастоварди Пелеи бразилиягиро, ки ҳанӯз соли 1962 дар бозии байни дастаҳои «Cантос»-и Бразилия ва «Бенфика»-и Португалия хет-трик карда буд, такрор кард»,-зикр кардааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки дар бозии нимниҳоӣ «Реал» бар «Америка»-и Мексика бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард. Дар он бозӣ низ як голро Криштиану Роналду ба нишон расонд.
12 декабр Роналду маротибаи чорум ба гирифтани Ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон -«Тӯби тиллоӣ» сарфароз шуд.

Декабрь 19, 2016 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад