Криштиану Роналду беҳтарин бозингари Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо эълон шуд
ДУШАНБЕ, 19.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи «Реал»-и Мадрид Криштиану Роналду беҳтарини бозингари бозиҳои Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо эътироф шуд. Дар ин бора саҳифаи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар Twitter хабар ба нашр расонидааст.
«Дар бозии ниҳоӣ, ки дирӯз дар Япония баргузор гардид, «Реал» бар КФ «Кашима Антлерс» бо натиҷаи 4:2 ғолиб омад. Се голро дар он бозӣ Криштиану Роналду ба ҳадаф расонд. Ба ҳамин тартиб, ин бозингари португалӣ дастоварди Пелеи бразилиягиро, ки ҳанӯз соли 1962 дар бозии байни дастаҳои «Cантос»-и Бразилия ва «Бенфика»-и Португалия хет-трик карда буд, такрор кард»,-зикр кардааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки дар бозии нимниҳоӣ «Реал» бар «Америка»-и Мексика бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард. Дар он бозӣ низ як голро Криштиану Роналду ба нишон расонд.
12 декабр Роналду маротибаи чорум ба гирифтани Ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон -«Тӯби тиллоӣ» сарфароз шуд.








Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд






