Лоиҳаи беҳтар гардонидани низоми оби нўшокӣ ва санитарӣ дар 7 деҳаи дурдасти Тоҷикистон муваффақона анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Комилҳуқуқи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока дар маросими анҷоми муваффақонаи «Лоиҳаи беҳтар гардонидани низоми оби нўшокӣ ва оби санитарӣ дар 7 қишлоқи дурдасти Тоҷикистон» иштирок намуд. Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Баҳри рушди низоми оби нўшокӣ ва санитарӣ дар минтақаҳои осебпазир ва дурдасти Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи умумии 89,444 доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид. Лоиҳаи мазкур дар 8 макон амалӣ шуд. Минҷумла, дар деҳаҳои Баҳор ва Меҳнатободи ҷамоати Султонобод ва деҳаи Қосимободи ҷамоати Лоҳурии ноҳияи Рудакӣ, деҳаҳои Бедак ва Тутакаи ҷамоати Алмосӣ ва деҳаи Ардиҷаки болои ҷамоати Хонақои Кӯҳии ноҳияи Ҳисор, деҳаи Қаратоғи ҷамоати Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав ва деҳаи Чиртаки ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода»,-зикр кард манбаъ.
Бо мақсади таъмини ин деҳаҳо бо оби тозаи ошомиданӣ низоми таъминоти об сохта шуда, низоми истифодаи муассири об таҳия карда шуд. Дар натиҷа, сокинони 8 деҳоти дурдаст ба оби тоза ва кофӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Дар маросими баанҷомрасӣ дар баробари сокинони маҳаллӣ ва намояндагони ҷамоати маҳаллӣ, Баҳодур Қурбониён -дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Парвиз Акрамзода, муовини якуми Раиси шаҳри Турсунзода ҳузур дошта, миннатдории хешро ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон барои дастгирӣ изҳор намуданд.
«Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст дар оянда низ кумаки хешро ба аҳолии Тоҷикистон дар ин самт идома диҳад»,-илова кард манбаъ.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






