Маърифати пасти ҳуқуқии шаҳрвандон боиси ҷиноятҳои коррупсионӣ мегарданд

Декабрь 14, 2016 16:12

ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боиси даст задан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мегарданд. Соҳаи маориф таҳкурсии муҳташами созандагӣ ва рушду нумӯи ояндаи давлатдорӣ буда, ҷавонони муҳассил бояд баҳри аз байн бурдани қонуншиканӣ, бартараф намудани омилҳои таҳкимдиҳандаи даст задан ба ҷиноят, махсусан ба ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, дар сафи пеш бояд қарор дошта бошанд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ ва Сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Маҷидӣ вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ ва муҳтавои он ба устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
«Раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро тасдиқ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он корҳои муайянро анҷом додааст»,- зикр гардид дар ҷамъомад.
Иштирокдорон инчунин атрофи волоияти қонун, мубориза ба коррупсия ва пешгирии он, ҷалби аҳли ҷамоат ҷиҳати мубориза бо ҳолатҳои дорои характери коррупсионӣ суҳбат анҷом доданд.

Декабрь 14, 2016 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид