Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов

Декабрь 27, 2016 16:58

ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ Рустам Азимовро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарият ва мардуми ин кишвари дӯст ва ҳамсояи наздикро барои дар сатҳи баланд баргузор шудани Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона шодбош гуфта, ташрифи ҳайати расмии ҳукуматии ин давлатро ба Тоҷикистон иқдоми муҳим дар рушду тавсеи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.
Тоҷикистон аз ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду давлат бо хушнудӣ истиқбол менамояд,-изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки кишвари мо хостори дар оянда беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи неруи барқ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, бекор кардан ё содда гардонидани низоми раводиди рафтуомади шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад.
Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда барои бартарафсозии шарту шароити монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Тавре таъкид гардид, пояи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ беш аз сад санади ҳамкориро дар бар мегирад, ки татбиқи амалии онҳо барои ҳар ду кишвар аз ҳар ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ масъалаҳои муҳиму рӯзмарра баррасӣ шуда, барои дарёфти роҳу усулҳои нави рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ иқдомҳои муассир пеш гирифта мешаванд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар карда шуд.

Декабрь 27, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд