Мулоқоти Пешвои миллат бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ
ДУШАНБЕ, 17.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Деҳлӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, Раиси Раҷя сабҳа (Шӯрои Штатҳо) — Палатаи болоии парлумони ин кишвар Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили рушду густариши бемайлони робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстонаи барои ҷонибҳо судманд ба ҳисоб рафта, дар ин замина робитаҳои зичи байнипарлумонӣ низ метавонанд дар беҳтар гардонидани ҳамшарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо мазмуну мундариҷаи нав ва бо таври назаррас мусоидат намоянд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда парламентҳои ду давлат дар таъмини фазои мусоид барои таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои сиёсату амният, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳангу иттилоот саҳми бештару хубтар мегузоранд.
Тавсеаи шарикии иқтисодӣ ва амниятию низомии ду давлат омили муҳими таъмини пешрафти назарраси иқтисодию иҷтимоии Афғонистон, амнияту суботи минтақа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.








Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






