Мунира Шаҳидӣ: «Истиқлолияти кишварро бо фарҳанги ватанамон бояд тавъам бисозем»
ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ перомуни бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил баргузор гардид.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар он намояндагони илму фарҳанг иштирок намуданд.
Мунира Шаҳидӣ, олими шарқшинос, устоди донишгоҳҳои шинохтаи ҷаҳонӣ дар риштаи адабӣ фарҳангии татбиқӣ ва сарвари Бунёди байналмилалии З. Шаҳидӣ баён намуд, ки ӯ ҳамчун мутахассис дар соҳаи тадқиқи адабиёту фарҳанг аз Паёми Пешвои миллат якчанд нуқтаи муҳимро ҳамчун дастур барои фаъолияти илмии ояндааш қайд кард.
«Якум ва муҳимтарин нуқтае, ки дар Паём садо дод, ин сармояи инсонӣ, баъдан истиқлолияти энергетикӣ буд. Тавре ки медонем, истиқлолияти энергетикӣ асоси истиқлолияти иқтисодии кишвар буда, барои ман ҳамчун фарҳангшинос муҳим он аст, ки иқтисодиёти кишварро бо фарҳанги кишвар пайваст кунем. Сеюм, рушди илмӣ бо назардошти навовариҳои ҷаҳон, ки хеле масъалаи муҳим ба шумор меравад. Зеро насли имрӯзи мо чандон аз навгониҳои илмӣ, ки ҳамарӯза тағйир меёбанд, огоҳ нест. Барои ман ин нуқта бисёр рӯзмарра ва муҳим садо дод. Масъалаи рушди фарҳангӣ ва пурқувват намудани расонаҳои хабарӣ низ масъалае буд, ки дар Паём таъкид гашт. Имрӯз кормандони расонаҳои хабарӣ ва муҳаққиқон кам омӯзишу таҳқиқот мебаранд. Имрӯз мо соҳибистиқлол гаштаем, бинобар ин таҳқиқоти нав ба нав дар пайвастани арзишҳои маҳаллию миллӣ бо арзишҳои ҷаҳонӣ яке аз вазифаҳои муҳимест, ки дар Паёми Президенти кишвар садо дод ва мо муҳаққиқону журналистон ва аҳли санъат ба ин талабот бояд ҷавобгӯ бошем»,- баён намуд Мунира Шаҳидӣ.
Иштирокчиёни маҳфил Паёми Пешвои миллатро хеле пурмуҳтаво ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, мулоҳизаҳои худро дар бораи ҳар нуқтаи он баён намуданд.








Дар Рашт Маркази омӯзиши даврҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аз соли 2027 бояд кадом талаботи нави қонунгузориро риоя намоянд?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид






