Мувофиқаҳои дар нахустин машваратҳои сиёсӣ байни ниҳодҳои хориҷии Тоҷикистону Франсия ҳосилшуда баланд арзёбӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқаҳои дар нахустин машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Франсия ҳосилшуда дар мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Дабири кулл — муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Франсия Кристиан Массе баланд арзёбӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия хабар доданд.
«Ҷонибҳо мувофиқаҳои зимни нахустин машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Фаронса ҳосилшударо баланд арзёбӣ намуда, ин машваратҳоро заминаи устувор барои инкишофи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ маънидод карданд», — иттилоъ доданд аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия
Бино ба иттилои сафорат, Музаффар Ҳусейнзода ва Кристиан Массе инчунин дар атрофи рушди ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ гуфтугӯйи судманд анҷом додаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки мулоқоти мазкур 8 декабр дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Ҷумҳурии Франсия баргузор гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






