Намояндагони ВАО дар бораи бемории сил машварати омӯзишӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе барои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати маълумот дар бораи бемории сил миёни аҳолӣ машварати омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Ҳадафи машварат ба рӯзноманигорон омӯзонидани инъикоси касбии масоили шаклҳои мутобиқгаштаи сил дар ВАО мебошад. Зимнан такмили малакаи журналистон дар таҳияи маводи чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизионӣ оид ба ин мавзӯъ ва баррасии ҷанбаҳои ҳуқуқию ахлоқии бозтоби он дар ВАО, инчунин густариши ҳамкории рӯзноманигорон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Гурӯҳи татбиқкунандаи Лоиҳаи Хазинаи глобалӣ барномарезӣ шудааст»,-зикр кард манбаъ.
Иштирокдорон ва мутахассисони соҳаи силшиносӣ роҷеъ ба пешгирии паҳншавии бемории сил ва роҳҳои муолиҷаи он, зарурати таъмини мутахассисони силшинос ва дигар масоили мубрам табодули назар карданд.
Мутахассиси соҳаи силшиносӣ Қадриддин Пиров зикр намуд, ки бемории сил бемории ирсӣ набуда, табобатшаванда аст. Сил бемории сироятиест, ки аз одами бемори сили хориҷкунандаи микобактерияи сил бо роҳи ҳавоӣ ба атрофиён ҳангоми сулфа, атса задан ва суҳбатҳои тӯлонӣ аз наздик дар фазои маҳкам мегузара.
«Сулфаи давомнокиаш беш аз ду ҳафта, дарди қафаси сина, нафастангӣ, хунпартоӣ, камшавии иштиҳо, лоғаршавӣ, арақкунии шабона ва баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан аз нишонаҳои бемории сил дарак медиҳад»,-баён намуд Қадриддин Пиров.
Дар машварат таъкид гардид, таҷрибаҳо собит месозанд, ки муроҷиат ба табибон ва ба табобат ҷалб гардидани шахсони сироятёфта аз мафкураи мардум вобастагӣ дорад. Дарёфти гирифторон ба бемории сил ва сифати табобат аз тахшиси дурусту саривақтӣ оғоз меёбад.
Ба маълумоти Қадриддин Пиров, имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ, махсусан пойтахти кишвар тамоми шароити ташхисӣ фароҳам аст. Бо дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири тиббӣ гирифторӣ ба бемории сил, шаклҳои он сари вақт муайян карда мешаванд. Бояд зикр кард, ки ташхису табобати гирифторони бемории сил ва доруҳои зиддисилӣ барои табобати онҳо ройгон аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил як зумра барномаҳои давлатиро тарҳрезӣ намудааст, ки тибқи он ба сироятшудагони ин беморӣ имтиёзҳо низ пешбинӣ гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






