Офаридаҳои Далер Миҳтоҷов дар Осорхонаи миллӣ ба намоиш гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Панҷумин намоиши асарҳои тозаэҷоди рассоми ҷавон ва муваффақи тоҷик Далер Миҳтоҷов таҳти унвони «Гулбоғи Хайём» 17 декабри соли равон соати 15:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Далер Миҳтоҷов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки намоиш ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов бахшида мешавад.
Дар намоиш 50 ҳунари наққошии рассом аз ашъори Умари Хайём манзури тамошобинон мегарданд. «Мавзӯи рубоиёти шоири барҷастаи форсу тоҷик Умари Хайём гуногун буда, аксаран афкори фалсафӣ ва мушоҳидаҳои ӯро нисбат ба ҳаёт ва иҷтимоъ дар бар мегиранд. Шоир як умр дар орзуи ҷомеаи хаёлӣ ва афсонавие буд, ки дар он мардумон шодком бошанд ва ғаму андӯҳ яксара аз олам бардошта шавад. Дунёи идеалие, ки ӯ тасаввур мекард, танҳо аз хушбахтиву нишот иборат буд. Ман ҳам кӯшиш кардам, ки ана ҳамин орзуву ормони тамоми мардумони рӯи оламро тасвир кунам»,-иброз намуд Далер Миҳтоҷов.
Далер Миҳтоҷов омӯзгори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Олимов буда, ҳамзамон дар Иттифоқи рассомон фаъолият мекунад. Офаридаҳои муаллиф дар осорхонаҳои Тоҷикистон ва хориҷ аз он маҳфузанд. Намунаи корҳои ӯ дар Россия, Чин, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шуда, мутахассисон ба ҳунари рассом баҳои баланд додаанд.
Тибқи иттилои рассом, намоиш бо дастгирии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Олимов ва Институти Ҷамъияти кушода «Бунёди Мадад» дар Тоҷикистон ташкил гардида, давоми 1 моҳ идома меёбад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






