Ҷоизасупории мавсими соли 2016-и футболи Тоҷикистон дар «Кохи Наврӯз» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 23.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр маросими ҷоизасупории мавсими соли 2016-и футболи Тоҷикистон дар «Кохи Наврӯз»-и пойтахт баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
Дар маросими тантанавӣ беҳтарин футболбозони кишвар эълон хоҳанд шуд.
«ФФТ ин маросимро дар партави 80-солагии Федератсияи футбол барпо мекунад. Дар маросим, ки соати 17:00 оғоз мешавад, роҳбарияти ФФТ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризми назди Ҳукумати ҶТ, роҳбарони клубҳои футболи лигаи олӣ ва якум, собиқадорони футбол, мураббиён, бозингарон, меҳмонони фахрӣ ва рӯзноманигорон иштирок мекунанд.
Дар ин рӯз ҳамчунин беҳтарин бозингарони наврас, ҷавонон, кӯдакон, бонувон, беҳтарин бозингари Лигаи олӣ, якум, футзал ва беҳтарин футболбози мавсими соли 2016 эълон мешаванд»,- хабар дод манбаъ.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






