Олимони муассисаҳои АИ ҶТ 143 китобу монография нашр намуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2015. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016 олимони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 китобу монография, 1 733 мақолаи илмӣ дар дохили кишвар, 318 мақолаи илмӣ дар хориҷи кишвар ва 300 вокуниш ба ВАО ба нашр расониданд. Дар ин бора имрӯз президенти Академияи илмҳои кишвар Фарҳод Раҳимӣ зимни маҷлиси умумии солона изҳори андеша кард. Академик Фарҳод Раҳимӣ дар маҷлис ҳамчунин оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 ҳисобот дод.
«Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 — 64 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 4 симпозиуми байналмилалӣ, 1 форуми байналмилалӣ, 8 конфронси илмии байналмилалӣ, 30 конфронси илмӣ амалии ҷумҳуриявӣ, 4 сессияи илмӣ, 10 семинари илмӣ ва 5 суҳбат доир намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд аст. Олимон ва мутахассисони Академияи илмҳо дар беш аз 300 конфронс, симпозиум ва машваратҳои илмӣ иштирок ва бо гузоришҳои илмӣ маърӯза намуданд»,-гуфт Ф. Раҳимӣ.
Дар соли 2016 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рўйи 96 мавзўъ, аз ҷумла 64 мавзўи илмӣ- таҳқиқотии бунёдӣ ва 32 мавзўи амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Дар охир ба 10 олими ҷавон диплом ва ба 25 корманди Академияи илмҳо Ифтихорномаи АИ ҶТ супорида шуд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






