Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд таълими фосилавӣ байни донишгоҳҳо ва комплекси агросаноатии давлатҳои ИДМ-ро ба роҳ монад

Декабрь 12, 2016 11:02

ДУШАНБЕ, 12.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шўрои байниҳукуматии комплекси агросаноатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид, Алексей Голубев, узви Шўро, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Академияи кишоварзии шаҳри Москва ба номи К.А. Тимирязев бо назардошти вазъи буҳрони молиявии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки таълими фосилавӣ байни донишгоҳҳо ва комплекси агросаноатии давлатҳои ИДМ ба роҳ монда шавад.
Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаи интихоби раиси Шўрои байниҳукуматии комплекси агросаноатии давлатҳои аъзои ИДМ барои соли 2017 ба миён гузошта шуд. «Аъзои Шўро ин навбат бо якдилӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатториро раиси Шўрои байниҳукуматии комплекси агросаноатии давлатҳои аъзои ИДМ интихоб намуданд. Ҷаласа зери роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 масъалаи муҳими соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуд. Ҷамъомадагон оид ба ҳамкории бисёрҷонибаи масоили рушди соҳаи кишоварзии давлатҳои аъзои ИДМ ба мувофиқа омаданд»,-зикр кард манбаъ.
Аъзои Шўро аз натиҷаи корҳои иҷрогардидаи комплекси агросаноатии кишвари хеш маълумот дода, камбудӣ ва мушкилоти соҳаро нишон доданд. Масоили ташаккули бозори ғалла, қанд ва маҳсулоти гўштию ширӣ, таъсиси кооперативҳои кишоварзӣ, селексия ва тухмипарварии зироати кишоварзӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавоти тоза, меваи хушк, полезию сабзавоти барвақтӣ, мубодилаи кадрӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид.

Декабрь 12, 2016 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад