«ПАЙ БИГИРЕМ АЗ ПАЁМИ САРВАРИ ОЛИНАҶОД»

Декабрь 30, 2016 10:07

ilhomДУШАНБЕ, 30.12.2016./АМИТ «Ховар»/. Ироаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли ҷорӣ рух дод, чун яке аз  рӯйдодҳои муҳими сол арзёбӣ мегардад. Зеро ин санади сарнавиштсоз ҳусну кубҳи рӯзгор ва кору бори ҳар кадоми мо ва ҳамаи моро дар бахшҳои  гуногун ба намоиш мегузорад ва самту роҳҳои расидан ба зинаҳои наву баландтари рушдро бароямон равшан месозад.

Аз ин сабаб Паёми Пешвои миллат, ки фарогири муҳимтарин масъалаҳои зиндагӣ ва сиёсати дихиливу хориҷии мамлакат мебошад,  ҳамасола   на танҳо  ба сифати дастури рӯимизии кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар барои як сол хидмат мекунад, балки ба манбаи илҳоми саршори  донишмандону мутахассисон ва нависандагону шоирон табдил  меёбад. Онҳо вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни Паём мулоҳизаву андешаронӣ мекунанд, даст ба тадқиқотҳои илмӣ мезананд, шеъру ҳикоя ва қиссаву достонҳо меофаранд.

Воқеан, худи илҳом низ, чун ҳолати рӯҳии инсон хабари хуш ва қобили ситоиш аст, зеро он насиби касоне мешавад, ки бо ҷаҳду ҷадал машғули кори неке ҳастанд. Тавре адиби барҷастаи колумбиягӣ дорандаи Ҷоизаи Нобел Габриэл Гарсиа Маркес навиштааст: «Илҳом танҳо дар вақти кор меояд».

Ҳоло мо шеъри тозаэҷоди  шоир ва публисист Давлат Сафарро, ки бо илҳом аз Паём навишта шудааст, пешкаши хонандагон намуда, зимнан аз адибони мамлакат даъват ба амал меорем, ки барои эҳё ва рушди адабиёти публисистӣ, адабиёте, ки бо рӯйдодҳои замон баробар қадам мезанад ва нисбат ба ҳеҷ воқеаи дорои аҳамияти миллӣ ва давлатӣ бетараф буда наметавонад, гомҳои пурсадо бардоранд. Тавре дар замони худ устодон Айниву Лоҳутӣ ва Турсунзода ин корро карда буданд…

 

davlat-safar Давлат САФАР

 ОФТОБИ ЗИНДАГИАФРӮЗ

  (Илҳом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

Вусъати сарсабзии мо аз Паём омад падид.

Ҳарфи паймони сиёсатро чунин бояд шунид.

Якдиливу якзабонӣ шаҳсутуни давлат аст,

Зиндагиро баъд аз ин бо чашми дил бояд бидид.

Кӯҳро хоҳем агар тобад чу арзан дар назар,

Оташи меҳри Ватан бояд фурӯзем аз шарар.

Худ фурӯзему ғанимат ҳар нафасро бишмарем,

Об агарки рафт, бар ҷӯ барнамегардад дигар.

Пай наафтад то ба паймоне, ки бар мо раҳ кушод,

Пай бигирем аз Паёми Сарвари Олинаҷод.

«Зинда бодо Тоҷикистон!» то бигӯем аз ниҳод,

Ин садо бояд шунид аз минбари кӯҳи мурод.

Тарҳи тармиме, ки тарҳи кӯҳнаро нав мекунад,

Худшиносиро ба дилҳо ҳамчу партав мекунад.

Бояд аз меҳри Ватан бигрифт роҳи зиндагӣ,

Меҳри модар тифлро якбора раҳрав мекунад.

Аз Паёме то Паём аҳди дигар бояд зи нав,

Тоҷи миллатро ҷилои шӯълавар бояд зи нав,

Коми миллатро, ки таъми найшакар бояд зи нав,

Тоҷикистонро садои баҳру бар бояд зи нав.

Бонги тӯфони сиёсат дар ҷаҳон дорад хурӯш,

Ҳар нафас, ҳар лаҳза овози дигар ояд ба гӯш.

Сар зи зонуи хамӯшиат бигир, эй ҳамватан!

Чашми дил бикшову чашми бемурувватро бипӯш.

Оташи даъвову даъвобозҳо дар гирудор

Мекашад бар ком хушку тар, намегирад қарор.

Аз садоқат ҳарф мегӯянду дар дил кина аст,

Чашми поизанду ҳамчун дидаи кӯри баҳор.

З-ин сабаб ҳам ҳушдорӣ аз замон беҳуда нест,

Ҳар касе ҷӯяд канор аз ин агар, осуда нест.

Азми мо рамзи саодатмандии рӯзи нав аст,

Роҳи мо роҳи навин асту раҳи паймуда нест.

Маншаи фархундагии рӯзи мо бошад Паём,

Дар баҳори зиндагӣ наврӯзи мо бошад Паём.

Олами андешаи пирӯзи мо бошад Паём,

Офтоби зиндагиафрӯзи мо бошад Паём!

Декабрь 30, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид