Пешвои миллат ба Ватан баргаштанд

Декабрь 18, 2016 12:02

ДУШАНБЕ, 18.12.2016./АМИТ «Ховар»/. Чанд соат пеш ҳавопаймои «Боинг»-и ширкати «Сомон Эйр», ки ин субҳ аз шаҳри Ню-Деҳлӣ ба осмон хеста буд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳиндустон  ба Ватан  баргаштанд.

Тавре иттилоъ дода будем, Сарвари давлат аз 12 то 18 декабри соли равон бо сафарҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии демократии сотсиалистии Шри-Ланка ва Ҷумҳурии Ҳиндустон қарор доштанд. Дар ҷараёни ин сафарҳо Пешвои миллат бо роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои ин ду кишвари пешрафтаи Осиёи Ҷанубӣ  мулоқот намуда, дар ҳамоишҳои соҳибкорон иштирок ва суханронӣ намуданд. Оид ба ривоҷи муносибатҳои Тоҷикистон бо Шри-Ланка ва Ҳиндустон дар бахшҳои мухталиф созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Расонаҳои хабарии Шри-Ланка ва Ҳиндустон сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишварҳояшон неку дӯстона ва натиҷаҳои ин сафарҳоро бобарор арзёбӣ намуданд.

Декабрь 18, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид