«Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардид

Декабрь 1, 2016 16:01

Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳ масъаларо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот», лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз ҷониби вакилони мардумӣ муҳокима шуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои зикршуда муовини раиси кумитаи иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлуда Қаландарзода, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Қудратов, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Асозода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдулғаффор Раҳмонзода, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдуҳалим Ғаффоров, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидҷаъфар Усмонзода, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Ҷобирзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Равшан Раҷабов, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Толиббек Бухориев, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнудин Сафаров, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов фаъолона иштирок карда, заминаҳои ҳуқуқӣ, омилҳои асосии қабул шудани лоиҳаҳои қонунҳои баррасишударо шарҳ доданд.
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҳамчунин намояндагони Ҳукумати мамлакат иштирок карда, фикру мулоҳизаҳои худро изҳор карданд. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқитисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Илёс Идрисзода, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Ҷаббор Саломов, муовини директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Умед Латифов, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои вакилони мардумӣ оид ба Стратегияи миллии рушд, сиёсати пулию қарзии мамлакат, фаъолияти адвокатура, назорати содирот, муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.
Дар хотимаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони мамлакат аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзнома воридгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Декабрь 1, 2016 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд