Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 6,6 ва 7,3 фоизро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 15.12.2015. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар 11 моҳи соли 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 20310 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 фоиз зиёд буда, суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 6,6 ва 7,3 фоизро ташкил медиҳад. Ин нукта зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 таъкид гардид.
«Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладона дар соли 2016 — 1429 ҳазор тонна, картошка 915, сабзавот 1694, полизӣ 581, мева 348, ангур 204, гӯшт 184, шир 775, пашм 6,7, асал 3,9 ҳазор тонна ва тухм 303,4 млн донаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015 аз 1 % то 24,7 % афзоиш ёфт»,-хабар доданд аз Вазорати кишоварзӣ.
Дар кори ҷаласа баҳри самаранокӣ ва рушди минбаъдаи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷаласа баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва дар оянда зиёд намудани майдони кишти зироат, инчунин васеъ намудани майдонҳои гармхонаҳо дар манотиқи ҷумҳурӣ, рушди соҳаи парандапарварӣ ва зотпарварӣ пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби Вазири кишоварзӣ ба раёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМБК ва ноҳияҳои Ваҳдату Рашт барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва сари вақт таъмин намудани дурнамои ҷамъоварии пахта нишони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






