Таъкиди зарурати такмили барномаҳо дар бахши омӯзишу парвариш, таҳсилоти касбии зиндониён ва рушди истеҳсолот дар асоси муассисаҳои ислоҳӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 20.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои баррасии таҷрибаҳои умедбахш ва мушкилоти мавҷуда вобаста ба идораи барномаҳои барқарорсозӣ дар зиндонҳо зиёда аз 50 нафар таҳиягарони сиёсат, кормандони низоми адлия ва дигар коршиносон аз Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо дар ҳамоише, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷамъ омаданд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳамоиши мазкур аз ҷониби Дафтари СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари намояндагии ислоҳоти байналмилали зиндонҳо (PRI) ташкил карда шуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён зарурати такмили барномаҳоро дар бахши омӯзишу парвариш, таҳсилоти касбии зиндониён ва рушди истеҳсолот дар асоси муассисаҳои ислоҳӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.
«Татбиқи барномаҳо оид ба дубора шомилсозии иҷтимоӣ ҷузъи муҳими раванди баргардонидани маҳкумшудагон ба ҷомеа мебошад. Дар робита ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ташкили меҳнат ва истеҳсоли саноатиро дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасдиқ намуд. Барои татбиқи барномаи мазкур давлат маблағ ҷудо намуда, барои густариши ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби захираҳои иловагӣ талошҳо анҷом медиҳад»,-иброз дошт Илҳом Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни ҳамоиш.
Аҳамияти ҳаётии дубора шомилсозии иҷтимоии зиндониён дар ҷараёни Анҷумани 13-уми Дафтари СММ оид ба ҷилавгирии ҷинояткорӣ, ки соли 2015 дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар баргузор гардид, таъкид шуд. «Аз ҳамон вақт инҷониб Дафтари СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ бо кумаки молиявии Ҳукумати Қатар барномаи густурдаи ҷаҳониро барои татбиқи Эъломияи Доҳа, ки дар доираи он маҳз ҳамин фаъолиятҳо оид ба барқарорсозии зиндониён фаро гирифта мешаванд, шурӯъ намуд»,-шарҳ дод манбаъ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






