Театрҳои мамлакат барои хурдсолон намоишҳои солинавӣ пешниҳод мекунанд

Декабрь 27, 2016 14:35

ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба истиқболи Соли нави мелодии 2017 дар театрҳои шаҳри Душанбе намоишҳои солинавӣ ва афсонаҳо барои хурдсолон ба саҳна гузошта мешаванд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ тамошобини хурдсоли худро бо ду намоиш хурсанд хоҳад кард. Яке аз онҳо операи бачагонаи «Чароғи сеҳрноки Аловиддин»-и Шуҳрат Ашӯров ва дигаре афсонаи мусиқавии «Маликаи барфӣ»-и Г.Х Андерсон дар таҳияи Суҳроб Усмонов мебошад.
Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ афсонаи «Найи сеҳрнок»-и Феликс Тошмуҳаммедовро, ки коргардон Асалбек Назриев саҳнавӣ кардааст, манзури хурдсолон менамояд. Намоиши «Суперхаргӯш», ки муаллиф ва коргардони ӯ ҳунарпешаи шинохта Хуршед Мустафоев аст, туҳфаи солинавии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский барои хурдсолону наврасон мебошад. Афсонаи мазкур дар кинотеатрҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
Ҳамчунин Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов барои ҳаводорони хурдсолу навраси худ намоиши «Афсунгар»-и Губаревро омода кардааст. Театри дӯстдоштаи хурдсолони пойтахт — Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак тамошобинони хурдсоли худро бо афсонаи «Ҷазираи беодам»-и Олга Журавлева ва коргардон Иззатулло Сафаров пешвоз хоҳад гирифт.

Декабрь 27, 2016 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид