Қуръакашии бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 ба таъхир гузошта шуд

Декабрь 14, 2016 10:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 ба таъхир гузошта шуд. Конфедератсияи футболи Осиё бо қарори худ нақшаи қуръакашии пешинаро, ки мебоист 18 январ дар шаҳри Абу Дабӣ гузаронида мешуд, тағйир дода, ба 23 январ гузаронид. Дар ин бора сомонаи www.the-afc.com хабар медиҳад.
«Баъди раддабандии нави ФИФА, ки 12 январ гузаронида мешавад, дастаҳо дар сабадҳо аз рӯи мавқеи ишғолкардаашон ҷой мегиранд ва пас аз он қуръакашӣ сурат мегирад. Дар натиҷа шаш гурӯҳ ба вуҷуд меояд, ки ҳар кадомаш аз 4 даста иборат мебошад»,-ҳамчунин хабар дод манбаъ.
Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Онҳо ба 12 дастае, ки баъди бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон -2018 аллакай ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Оисё-2019-ро ба даст овардаанд, ҳамроҳ мешаванд.

Декабрь 14, 2016 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд