Вазъи қурби пули миллӣ барои имрӯз
Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) имрӯз, 1 декабр, бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 7.8768 сомонӣ, 1 евро = 8.4014 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1185 сомонӣ.
Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, «қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллари ИМА =7.9000 сомонӣ, 1 евро =8.3700 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1206 мебошад».
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






