ВМКБ: «Давлати исломӣ» обрӯи исломро мерезонад
Хоруғ, 01.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, намояндагони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони меҳнат бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Рованд ва Техарви ноҳияи Ванҷ оид ба шомилшавии иддае аз ҷавонон ба гурӯҳҳои даҳшатафкани фаромарзӣ, таҳдиду хатари ин гурӯҳҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.
Сардори шуъбаи танзими расму оин ва дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Сардорбек Азорабеков зимни суҳбат аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ намуда, гуфт: «Баъзе аз ҷавонони ин ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба доми гурӯҳҳои экстремистию террористӣ афтода, дар қатлу куштори одамони бегуноҳ, ҳатто кӯдакону занон ширкат мекунанд. Мутобиқи маълумоти расмӣ ҳоло 28 нафар аз зодагони ин ноҳия дар ҳайати гурӯҳҳои ифротгаро дар муқобили ҳукумати қонунии давлати Сурия меҷанганд. Онҳо гӯё аз дини мубини ислом дифоъ мекунанд. Дар ҳоле ки ислом дини сулҳу сафо аст ва қатлу кушторро бузургтарин гуноҳ мешуморад».
Сардорбек Азорабеков аз волидон ва наздикони ин ҷавонон даъват кард, ки барои бозгашти фарзандони худ ба Ватан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ кунанд ва ба ин васила ҷони ҷавонашонро наҷот диҳанд. Агар онҳо дар дигар амалҳои ношоиста ширкат надошта бошанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ Пайша Усмонов яке аз иллатҳои ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонони тоҷикро ба ин гурӯҳҳои ифротгаро аз надоштани дониши хуби динӣ ва дунявии онҳо дониста, гуфт: «Ҳар нафаре агар аз расму суннати қадимаи миллати худ, инсондӯстию меҳмоннавозӣ ва дигар хислатҳои хуби он огоҳ бошад, ҳеҷ гоҳ даст ба чунин аъмоли зишт намезанад».
Ин масъули РВКД аз сокинони ноҳия хост, то бо фарзандони худ, ки берун аз кишвар кор ё таҳсил мекунанд, ҳамеша дар иртибот бошанд. Онҳо бояд ба фарзандонашон ҳамеша таъкид кунанд, ки масъулияти худро дар назди миллату Ватан фаромӯш накунанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






