Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: «Тоҷикистон аксарияти кулли санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ба тасвиб расонидааст»
ДУШАНБЕ, 09.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 декабр таҷлил мегардад, ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
«Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар дар ҳаёти инсоният ва рушди ҳуқуқи инсон нақши калидӣ ва пешбаранда дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти аввалиндараҷа дода, аксарияти кулли санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар ин ҷода ба тасвиб расонид. Кишвари мо баҳри иҷрои ҳамаҷонибаи онҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст»,-иброз дошт Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар оғози ҳамоиш.
Дар ҳамоиш намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Суди олӣ , Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
«Дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Дар ин ҷода аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ки «Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Бо мақсади татбиқи ин муқаррароти Конститутсия имрӯзҳо мебинем, ки мақомоти давлатӣ ҷидду ҷаҳд мекунанд ва ислоҳоти қонунгузорӣ дар ҳамаи ниҳодҳо амалӣ карда мешаванд,- зикр кард Шараф Каримзода, муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиш.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 декабрро ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн мегиранд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






