37 ҳазору 938 адад Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба қайди давлатӣ гирифта шуданд

Январь 16, 2017 17:43

ЗаминсозиДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва корхонаҳои давлатии фаръӣ дар соли 2016 37 ҳазору 938 адад Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, 4 ҳазору 115 адад маҳдудиятҳои ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.  Ҳамчунин дар ин муддат 28 ҳазору 144 адад Шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатӣ дода шуда, 50 ҳазору 887 адад шиносномаи техникӣ тартиб дода шудаанд.

Ба иттилои Раҷаббой Аҳмадзода, «аз тарафи корхонаҳои аэрогеодезӣ ва Фабрикаи харитасозии Кумитаи давлатӣ дар соли 2016 корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ, шартномавӣ ва маблағҳои махсуси Кумитаи давлатӣ ҳамагӣ ба маблағи 3715437 сомонӣ иҷро гардидаанд. Аз ҷумла, ин маблағ дар КВД аэрогеодезии Душанбе 2014506 сомонӣ, КВД аэрогеодезии Суғд 410360 сомонӣ, КВД аэрогеодеии Хатлон 180000 сомонӣ, КВД аэрогеодезии Бадахшон 180000 сомонӣ ва КВД «Фабрикаи харитасозӣ» 930571 сомониро ташкил медиҳад», иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Январь 16, 2017 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад