385 иншоот ва 5773 манзили зисти шаҳрвандон таҳти санҷиши зиддисӯхторӣ қарор гирифтанд

Январь 25, 2017 09:46

004ДУШАНБЕ, 25.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар иншооти муҳими давлатии баландошёна, хобгоҳу манзилҳои истиқоматӣ аз ҳисоби ҳайати шахсии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он, инчунин Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсия ва идораҳои фурӯши барқ гурӯҳҳои корӣ таъсис шуданд.
Тавре аз Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ аз ҷониби гурӯҳҳои мазкур 385 иншоот ва 5773 манзили зисти шаҳрвандон таҳти санҷиш қарор дода шуда, ба 13 ҳазору 670 нафар шаҳрвандон қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор омӯзонида шуданд.
«Дар баробари гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботии зиддисӯхторӣ дар биноҳои истиқоматии баландошёна, инчунин хонаҳои баландошёни навсохту нотамом мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Нисбат ба 25 нафар мутасаддиёни иншооти номбурда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷарима баста шудаанд», -иттилоъ дод манбаъ.

Январь 25, 2017 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад