487 медали тиллои варзишгарони Хатлон
ҚӮРҒОНТЕППА, 21.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон маросими ҷамъбасти озмунҳои «Беҳтарин мактаби варзишии сол», «Беҳтарин мураббии варзишии сол», «Беҳтарин варзишгари сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол» ва «Беҳтарин нақшаи тиҷоратӣ барои рушди сайёҳӣ»-ро ҷамъбаст намуд..
Мақсади озмун натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016 ва ҳавасманд намудани кормандони сохторҳои маҳаллии Раёсат ва ташкилоту муассисаҳои давлативу намояндагони бахши хусусӣ барои саҳми муносиб гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи варзиш ва сайёҳӣ буд.
Аз рӯи ҷамъбасти озмунҳо беҳтарин мактаби варзишии сол Муассисаи давлатии Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон дар минтақаи Қурғонтеппа ва Муассидаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб, беҳтарин мураббии варзишии сол Қодиралӣ Маҳмадҷонов — мураббии Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Қӯрғонтеппа ва Носир Азимов, мураббии Муассисаи давлатии мактаби варзишии №4-и вилояти Хатлон гардиданд.
Ҳамзамон Акмал Муродов, варзишгари мактаби варзишии №1 вилояти Хатлон ва Қосим Файзиев, варзишгари мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб беҳтарин варзишгари сол шинохта шуданд.
Беҳтарин иншооти варзишии сол толори намудҳои гӯштини ноҳияи Ёвон ва Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара ҳисобида шуданд.
Дар ҷамъбасти озмуни нақшаи тиҷоратии беҳтарин барои рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон ҷойи якум насиби Эмомалӣ Набиев ва Самандари Раҷабалӣ, ҷойи дуюм насиби Анвар Сангинов, ҷойи сеюм насиби Иброҳим Зарипов гардиданд.
Баъдан ба ғолибон диплому сипоснома ва туҳфаҳои Раёсат тақдим карда шуд.
Варзишгарони вилоят дар соли 2016 аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори 487 медали тилло, 490 медали нуқра ва 625 медали биринҷӣ шуданд. Онҳо дар маҷмӯъ сазовори 1602 медал гардиданд, ки нисбат ба соли 2015 -117 медал зиёд мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






