83 фоизи нафақагирон бо кортҳои бонкӣ нафақа мегиранд
ДУШАНБЕ, 16.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 январ зимни нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода, муовини якуми деректори агентии номбурда маълумот дод, ки 83 фоиз аз теъдоди умумии нафақагирони кишвар нафақаҳояшонро тариқи кортҳои бонкӣ мегиранд.
Назокат Одиназода афзуд, ки агентӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти нафақаи 533 ҳазору 76 нафарро дар 59 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 147,8 млн сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст.
«Теъдоди нафақагирон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 125 ҳазору 606 нафар ва талаботи моҳона 51,2 млн. сомонӣ зиёд гардид. Имрӯз низ дар самти гузаронидани пардохти нафақа тариқи кортҳои бонкӣ монеаҳо мавҷуданд, вале кормандони агентӣ нақша доранд, ки дар семоҳаи аввали соли равон онҳоро бартараф намоянд»,-илова намуд Назокат Одиназода.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






