А. Қодирӣ: «Нақшаи таъминоти мактабҳои вилоят бо компютерҳо 120% иҷро гардидааст»

Январь 17, 2017 17:11

ХУҶАНД, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи таъминоти мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо компютерҳо 120 фоиз иҷро гардида, соли 2016 барои мактабҳои вилоят 1000 адад компютерҳои нав харид гардиданд. Дар ин бора имрӯз дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сухан гуфт.
Ба иттилои Раиси вилоят, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Дар самти муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тадриси хонандагон дар миқёси вилоят соли сипаришуда 11 адад мактаби нав ба истифода дода шуда, барои 5344 хонанда синфхонаҳои нав бунёд гардиданд.
Абдураҳмон Қодирӣ илова намуд, ки баҳри дастгирии омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳои судманд амалӣ гардида, се сол инҷониб омӯзгорону хонандагони пешқадам ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд.
Ба ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷиҳати дастгирии хонандагону омӯзгорони онҳо тақдими ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми то 50 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Январь 17, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд