Ҳадафи асосии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таъмини рушди босуботи кишвар ва зиндагии шоистаи аҳолии мамлакат аст

Январь 16, 2017 17:04

РАШТ, 16.01.3017./АМИТ «Ховар»/. Мақсади асосии фаъолияти Давлату Ҳукумат, тамоми чорабинию тадбирҳо, қабули қонунҳо, стратегияву барномаҳо, амру фармонҳои Сарвари давлат — ин таъмини рушди босуботи мамлакат ва зиндагии шоистаи мардуми кишварамон мебошад.  Дар ин бора Саидалӣ Сиддиқ, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит, Ясман, Нимич ва Иҷбораки ноҳияи Рашт изҳори ақида кард.

Новый рисунокНомбурда зикр намуд, ки дар нимаи моҳи январ пурра аз байн бардоштани маҳдудияти таъмини аҳолӣ бо нурӯи барқ гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – истиқлолияти энергетикӣ торафт наздик мешавад ва баъди ба кор даромадани нахустин агрегати НБО-и Роғун дар соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ дастёб мегардад.

Дар мулоқотҳо ҳамчунин аъзоёни дигари ин гуруҳи таблиғотӣ – сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳдӣ Собир, муовини раиси ноҳияи Рашт Зумратбӣ Лоиқова, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт Рустам Шафизода ва дигарон оид ба зарурияти иштироки бевоситаи сокинон дар нигоҳдорӣ ва таҳким бахшидани суботу оромӣ дар ҷомеа, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, бо таҳсили босифат фаро гирифтани ҷавонону наврасон, таъсиси марказҳои таҳсилу касбомузӣ барои калонсолон, рушди соҳибкорӣ, азхуд намудани заминҳои бекорхобида, ташкили корхонаҳои нави хурду миёна оид ба истеҳсоли маҳсулот ва коркарди меваю сабзавот, ба вуҷуд овардани инфрасохтори замонавии соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати муҳайё сохтани  ҷойҳои нави корӣ  ва дигар паҳлӯҳои Паёми Сарвари давлат ибрози назар намуданд.

Зимни мулоқотҳо сокинони деҳоти зикршуда низ ба сухан баромада, ба Пешвои миллат барои таъмини суботу оромӣ дар ҷомеа, шароити мусоиди кору зиндагӣ ва таҳсил, ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми куҳистон, алалхусус оилаҳои камбизоат ва ашхоси бемору бепарастор  арзи сипоси бепоён карда, изҳор доштанд, ки дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва нақшаю барномаҳои Хукумати мамлакат ҳиссаи сазовор хоҳанд гузошт.

Новый рисунокНовый рисунок (1)

 

Январь 16, 2017 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид