Агентии обуҳавошиносӣ: имшаб боридани барф шиддат мегирад
ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз бориши барф дар ҷумҳурӣ шиддат ёфта, ҳарорати ҳаво 7-8 дараҷа поён мефарояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, имшаб дар аксари ноҳияҳо ҳавои абрнок ва боридани барфи пуршиддат дар назар дошта шудаст.
Пагоҳ, 31 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимоли фаромадани туман вуҷуд дорад.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон ҳарорати ҳаво дар Суғд шабона то -2+3 дараҷа, рӯзона 1- 6 дараҷа гарм, Хатлон шабона — 2+1 дараҷа, рӯзона 2-7 дараҷа гарм, навоҳии тобеи марказ шабона 0 -5 дараҷа хунук ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм, дар ғарби ВМКБ шабона -4-9 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар Душанбе низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук, рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






