Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан 23 январ дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ равандҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, тадорукот ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ баҳри такмил ва татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», вазъияти иқтисодии ҷумҳурӣ, амният ва мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ, обу неру ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот муовини сардори шуъбаи Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Аудроне Перкаускиене, мутасаддии Тоҷикистон дар Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Роланд Хонекамп, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Сафир Ҳидайет Бишчевич ва дигар аъзои ҳайат низ ҳузур доштанд.








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






