Амалиёти ниҳолшинонӣ дар қаламрави кишвар то 15 марти соли равон ҷараён мегирад
ДУШАНБЕ, 16.01.2017 /АМИТ Ховар/. 14 январи соли равон бо иштироки ҷавонону омӯзгорон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар чор ноҳияи пойтахт 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад» доир гардид. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар амалиёти мазкур дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом ба муносибати 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон роҳандозӣ карда шуд.
Амалиёти ҷумҳуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон аз 1 январ то 15 марти соли равон дар қаламрави кишвар доир мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






