«Амонатбонк» шумораи занони соҳибтахассусро зиёд мекунад
ДУШАНБЕ, 17.01.2017 /АМИТ Ховар/. Роҳбарияти «Амонатбонк» нисбат ба ҷалби кадрҳои масъулиятноку баландихтисос, хусусан занону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин нуктаро имрӯз Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси Раёсати «Амонатбонк» зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ба иттилои номбурда, ҳоло 914 нафар занону духтарон дар «Амонатбонк» фаъолият намуда, 37,5 фоизи шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Ҳоло 27 нафар зан дар сатҳи роҳбарикунанда фаъолият доранд.
«Дар соли 2016 58 нафар духтарон баъди хатми донишгоҳҳои олии кишвар тавассути озмун ба кор қабул карда шуданд. Ин раванд таҳти назорати доимии роҳбарияти бонк қарор дорад»,- таъкид кард раиси «Амонатбонк».








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






