Ҷамшед Аҳмадзода: «Бо таъсири буҳрони молиявӣ арзиши хонаҳо бетағйир боқӣ монд»
ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода баён намуд, ки имрӯз арзиши хонаҳо дар ҷумхурӣ бетағйир боқӣ мондааст. Дар ҳоли ҳозир арзиши миёнаи 1 метри мураббаи хонаҳо аз 400 то 600 доллар ва дар баъзе ҷойҳои маркази шаҳр 700 — 750 долларро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Ҷамшед Аҳмадзода, имрӯзҳо бо таъсири буҳрони иқтисодӣ сохтмони хонаҳо ва маблағгузорӣ нисбатан кам шудааст.
«Бо гузашти буҳрони иқтисодӣ мо боз кори худро идома медиҳем, зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти зиёд ба нақша гирифта шудаанд, ки бояд сохта шаванд», — гуфт Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






