Ҷамшед Ғанизода: «Довталабон пеш аз супоридани имтиҳон дар ММТ дар донишкада имтиҳони эҷодӣ месупоранд»
ДУШАНБЕ, 23.01.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Ҷамшед Ғанизода, номзади илмҳои меъморӣ, Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар нишасти мазкур зикр кард, ки донишкада аз рӯи 26 ихтисос, ки фосилавӣ ном доранд, мутахассисони баландихтисоси соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайнро омода месозад.
«Азбаски донишкадаи мо тахассусӣ аст, довталабон пеш аз супоридани имтиҳон дар Маркази миллии тестӣ имтиҳонҳои эҷодиро дар донишкада месупоранд», -изҳор дошт Ҷамшед Ғанизода.
Ҷамшед Ғанизода ҳамчунин зикр кард, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо Донишкадаи бадеӣ- давлатии ба номи Суриков ва Донишкадаи бадеӣ-саноатии шаҳри Москва, Донишгоҳи ҳунарҳои Эрон ва Донишгоҳи давлатии Олтой шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






