Анвар Мақсудов: «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо 29 донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ ҳамкории дуҷониба дорад»
ХУҶАНД, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳи миллии Беларус оид ба якҷоя тайёр намудани мутахассисон дар доираи 9 ихтисоси муҳим барои Тоҷикистон шартномаи дуҷониба ба имзо расонид. Дар маҷмӯъ донишгоҳ ҳоло бо 29 донишгоҳи кишварҳои хориҷии дуру наздик тибқи шартномаҳои дутарафа ҳамкории дуҷониба дорад. Доир ба ин ва паҳлуҳои дигари раванди таълим дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар соли 2016 зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов сухан гуфт. Ба иттилои Анвар Максудов, ба хотири ҷалби бештари мутахассисони хориҷӣ ва истифодаи таҷрибаи онҳо дар ҷараёни таълим, аз ҷумла ҷалби омӯзгорон аз давлатҳои ИМА, Чин ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, раёсати донишгоҳ тавонист иҷозатномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷирот ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии ДДХ қабули шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Ҳоло дар донишгоҳ беш аз 100 нафар аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ таҳсил доранд. Дар ин радиф, инчунин ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои Чин, ИМА ва Ҳиндустон густариш ёфта, ҳоло 13 нафар донишҷӯёни мо бо гирифтани бурсияи таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои ин кишварҳо таҳсил менамоянд, — зикр намуд ректори донишгох.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






