Ашқобод- мизбони ҷаласаи муштараки байниҳукуматӣ
ДУШАНБЕ, 20.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи VII муштараки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ 26-27 январи соли равон дар Ашқобод доир мегардад. Дар ин бора ба хабарнигорон Чорӣ Атаев-Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ 20 январ дар Душанбе иттилоъ дод.
Дипломати туркман зикр кард, ки зимни баргузории ҷаласаи VII Комиссияи байниҳукумати Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор мегирад. Чорӣ Атаев зикр кард, ки зимни ҷаласа ҷонибҳо ҳамзамон масоили марбут ба ҷустуҷӯи роҳҳои афзалиятноки афзоиши гардиши мол байни ду кишварро, ки солҳои охир коҳиш ёфтааст, матраҳ хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






