Ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат ҳоло корҳои сохтмони як бинои чорошёнаи ташхисию табобатӣ, ду бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, се бинои истиқоматии сенздаҳошёна, як бинои истиқоматии бистушашошёна, бинои маъмурии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст ва бинои мактаб барои 640 ҷойи нишаст бо маром идома доранд. Дар назар аст то ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин иншоот ба истифода дода шаванд. Ин нуктаро имрӯз раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
«Дар ҳақиқат соли 2017 барои мардуми шаҳри Ваҳдат соли хотирмону таърихӣ ва масъулиятнок мебошад. Чунки дар ин сол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат таҷлил карда мешавад. Ин боиси ифтихору сарфарозии шаҳри мост. Ба пешвози ин ҷашни ҷумҳуриявӣ корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Ваҳдат авҷи тоза гирифта, симои меъмории шаҳр ҳусни тоза мегирад»,- иброз дошт раиси шаҳр.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






